Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадаф аз сафари додситони кулли Тоҷикистон ба Фаронса чист?


Додситони кулли Тоҷикистон бо муовини дабири Интерпол
Додситони кулли Тоҷикистон бо муовини дабири Интерпол

Додситони кулли Тоҷикистон дар сафараш ба Фаронса, макони баъзе аз паноҳҷӯёни сиёсии тоҷик, бо муовини дабири кулли пулиси байнулмилалӣ ё Интерпол Стивен Кавана дидор кардааст.

Додситони кулли Тоҷикистон дар сафараш ба Фаронса, макони баъзе аз паноҳҷӯёни сиёсии тоҷик, бо муовини дабири кулли пулиси байнулмилалӣ ё Интерпол Стивен Кавана дидор кардааст.

Ба хабари расмӣ, дар мулоқоти 18-уми сентябр кофтукови байнулмилалии ҷинояткорон, шахсони гумшуда ва пешгирӣ аз сафари афроди гумонзад ба терроризм баррасӣ шуд.

Яке аз мавзуъҳои дигар ба махзани Интерпол даровардани номи шахсоне будааст, ки ба ифротгароиву терроризм муттаҳам ҳастанд.

Баъд аз соли 2015 бисёре аз мунтақидони сиёсии ҳукумат дар Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Аврупо, аз ҷумла Фаронса паноҳанда шуданд.

Душанбе онҳоро барои нашри назар ва андешаҳои танқидиашон таъқиб мекунад.

Баъзе аз намояндагони мухолифон ҳанӯз чанд моҳ пеш аз эҳтимоли сафари Юсуф Раҳмон ба Фаронса хабар дода, дар ин бобат изҳори нигаронӣ карда буданд, ки мумкин аст, ҳадафи ин гуфтушунидҳо онҳо бошанд.

XS
SM
MD
LG