Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Узбекистон барои ду рӯзноманигор 15-солии зиндон хост


Додситонӣ дар Узбекистон аз додгоҳ хост, рӯзноманигор ва муассиси сомонаи Human.uz - Хуршед Далиев ва котиби матбуотии ширкати "Узбекнефтегаз" Сиёвуш Ҳошимов бо айбҳои туҳмат, таҳқир ва тамаъҷӯӣ 15-солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд.

Додситонӣ ҳамчунин аз додгоҳ хост, 5 воситаи нақлиёт ва техникаҳои компютерии идораҳои сомонаҳои Human.uz, Sof.uz ва Terrabayt.uz мусодира ва ин ду рӯзноманигор 12 260 доллар ҷарима шаванд.

Хуршед Далиев, муассиси сомонаи Human.uz гуфт, чунин муҳлати калони зиндонро ҳатто барои онҳое талаб накардаанд, ки ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва зидди сохти конститутсиониро содир кардаанд.

Зидди гумонбарон бо бандҳои "туҳмат, тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон, пулшӯӣ ва саркашӣ аз пардохтӣ андоз" айб эълом гашта, дороӣ ва ҳисобҳои бонкии онҳо ҳабс шудааст.

Дар доираи парвандаи мазкур 19 кас ҷабрдида ва 10 нафар даъвогар эътироф гаштааст. Ҳаҷми зарар 5,14 млрд. сӯм гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG