Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти қирғиз сабаби гароншавии ордро гуфтанд


Рӯзи 19 сентябр дар девони вазирони Қирғизистон мулоқоти мақомоти давлатӣ бо воридкунандагони орд сурат гирифт. Дар он мулоқот амнияти озуқаворӣ баррасӣ шуд.

Бакит Торобоев, мувоини раиси девони вазирони Қирғизистон гуфт, дар он кишвар камбуди орд мушоҳида намешавад, танҳо орди воридотӣ аз Қазоқистон боиси гаронии он шудааст. Ба илова гуфта шуд, сабаби асосии гаронии орди Қазоқистон дар Қирғизистон "ин банд шудани мавсимии роҳҳои оҳани Қазоқистон аст, ки тавассути онҳо аз Қазоқистон ба Қирғизистон орд ворид карда мешавад".

Торобоев афзуд, дар Бунёди давлатии захираҳои моддӣ маҳсулоти ниёзи аввал, амсоли равған, орд, шакар ба таври кофӣ маҳфуз аст. "Мо метавонем амнияти ғизоиро дар кишвар ҳадди ақал барои 5 моҳ таъмин кунем",-гуфт вай.

Қирғизистон аз орду гандуми воридотӣ вобаста аст. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз Қазоқистон ба ин кишвар 16 ҳазору 197 тона орд ворид шудааст. Дар маҷмуъ ин 88 дарсади орди воридотиро ташкил медиҳад. 12 дарсади дигари ордро Қирғизистон аз Русия ворид кардааст. Ба илова, дар ин муддат Қирғизистон аз хориҷ 181 210 тона гандум ворид кардааст, ки 97 дарсади онро гандуми Русия ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG