Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 300 ҳазор қурбонии таъқибҳои сталинӣ сафед шуданд


Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Қазоқистони муосир таъқиби шаҳрвандон бо ангезаҳои сиёсӣ идома дорад
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Қазоқистони муосир таъқиби шаҳрвандон бо ангезаҳои сиёсӣ идома дорад

Мақомоти Қазоқистон бештар аз 2,4 млн. санади марбут ба қурбониёни солҳои 1929-1956-ро дастрасӣ омма карданд. Дар ин бора Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 18 сентябр хабар дод.

Додситонӣ хабар додааст, ки 251 ҳазор парвандаи бадарғашудаҳоро ба хазинаи президенти Қазоқистон ирсол кардаанд ва акнун онҳо дастраси омма ҳастанд. "256 ҳазор парвандаи дигар то охири сол ирсол карда мешавад. 311 ҳазор касоне, ки бадарға ва ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шуда буданд, сафед карда шуданд", - омадааст дар хабари Додситонӣ.

Мақомоти Қазоқистон соли 2020 бо қабули фармоне барои сафедсозии қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ комиссия ташкил карда буданд.

Вазифаи комисия - "барқарории адолати таърихи нисбати афроде, ки қурбонии таъқибҳои даврони шӯравӣ шуда буданд" - унвон гардида буд.

Фаъолони қазоқистонӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Қазоқистони муосир таъқиби шаҳрвандон бо ангезаҳои сиёсӣ идома дорад - онҳое, ки мақомотро танқид мекунанд, боздошт ва зиндонӣ мешаванд.

Мақомоти Қазоқистон мавҷудияти зиндониёни сиёсиро дар кишвар рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG