Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи беш аз 32 ҳазор низомии кушташудаи русро аниқ карданд


Қабристони низомиёни рус дар Қрими ишғолӣ
Қабристони низомиёни рус дар Қрими ишғолӣ

Рӯзноманигорон номи 32 ҳазору 164 низомии русро пайдо карданд, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.

Рӯзноманигорон номи 32 ҳазору 164 низомии русро пайдо карданд, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.

Таҳқиқгарон ба ин хулоса расиданд, ки эҳтимол омори аслии кушта шудани низомиёни рус дар Украина ду баробар аз ин бештар бошад.

Бахши русии Би-би-си ва расонаи “Медиазона” аз моҳҳои аввали ҷанги Русия дар Украина шумораи низомиёни кушташударо ҳисоб мекарданд. Ин ду расона дар таҳияи ин рӯйхат аз санадҳои расмӣ, навиштаҳои расонаҳо, навиштаи наздикону пайвандони кушташудаҳо ва маълумотномаҳои санги болои қабрҳо истифода кардаанд.

Дар ин миён аз ҳама бештар маҳбусон кушта шудаанд. То кунун исми 6073 маҳбуси кушташуда дақиқ шудааст, ки аксари онҳоро созмони зархаридони “Вагнер” ба ҷанг ҷалб карда буд.

Журналистон гуфтаанд, ки ин руйхат комил нест ва танҳо номи онҳоест, ки худи рӯзноманигорон маълум кардаанд.

Русия ва Украина теъдоди низомиёни кушташуда дар ҷангро ошкор намекунанд.

Вазорати мудофиаи Русия моҳи сентябри соли гузашта гуфта буд, ки 5937 низомиашро аз даст додааст. Хадамоти иктишофии ИМА баҳори исмол эълон карда буд, ки аз 15 то 17 ҳазор низомии украинӣ дар ҷанг кушта шудааст ва шумораи маҷрӯҳон 109-113 ҳазор нафарро такшил медиҳад.

XS
SM
MD
LG