Дар миёни шахсони ҳуқуқии Русия, ки зери таҳрим рафтанд, номи корхонаҳои мошинсозии "АвтоВАЗ", "Москвич", истеҳсолкунандаи муҳаррикҳои авиатсионӣ ва баҳрии Рибинск, "NPO Saturn", "Союз"-и Маскав, бонки "Ак Барс" ва "Cinco-Bank" низ гирифта шудааст.
Лоиҳакаши калони "Союз" Мкртич Окроян ҳамроҳи хонаводааш ва мушовири президенти Ҷумҳурии Африқои Марказӣ Виталий Перфилев ҳам ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил шудаанд. Перфилев дар фаъолияти ширкати муздурии "Вагнер"-и Русия дар Африқо нақши калидӣ мебозад.
Амрико бар зидди ширкатҳои финландии "Luminor" ва "Siberica", чандин ширкат аз Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Словения ҳам таҳрим эълом кардааст.