Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар робита ба ҳодисаҳои моҳи июни Қирғизистон 6 кас боздошт шудааст


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 14 сентябр хабар дод, ки шаш касро бо гумони ҳамла ва куштор дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 дар вилояти Ҷалолободи он кишвар дастгир кардааст.

Ба иттилои кумита, ҳамаи боздоштшудаҳо сокинони ноҳияи Сузаки Қирғизистон ҳастанд.

Гумонбарон гӯё "мардумро ба беназмиҳо даъват, бастани роҳҳоро ташкил ва ба сокинони осоишта ҳамла карда, бархеҳоро бо бераҳмии махсус куштаанд". Яке аз онҳо дар куштори як сокини шаҳри Ҷалолобод низ даст доштааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон афзудааст, ки ҷустуҷӯи дастандаркорони ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 дар он кишвар идома дорад.

Даргирии байниқавмӣ дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон 10 июни соли 2010 байни қирғизҳо ва узбектаборон сар зад ва чанд рӯз давом кард. То он даргириҳо, дар моҳи апрели ҳамон сол дар натиҷаи инқилоби мардумӣ Ҳукумати муваққат рӯи кор омада буд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи ҳодисаҳои моҳи июни он сол 466 кас кушта, қариб 2 ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин 57 кас дар он ҳодисаҳо бенишон шуда буданд, ки 19 нафарашон то кунун пайдо нагардидаанд.

XS
SM
MD
LG