Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Додгоҳи ҷиноӣ хостанд, қарори боздошти Лукашенкоро барорад


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Порлумони Аврупо аз Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ даъват кардааст, ки масъалаи қарори боздошти президенти Беларус Александр Лукашенкоро баррасӣ кунад.

Порлумони Аврупо аз Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ даъват кардааст, ки масъалаи қарори боздошти президенти Беларус Александр Лукашенкоро баррасӣ кунад.

Ин ниҳод бо қабули як қатънома иштироки ҳукумати зери раҳбарии Лукашенкоро дар ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Украина маҳкум кардааст.

Дар қатънома гуфта шуда, ки низоми Лукашенко нерӯҳои Русия ва зархаридони ширкати муздурии "Вагнер"-ро бо пойгоҳ, таҷҳизоту лавозимоти ҷангӣ таъмин мекунад.

Ҳамчунин аз таблиғот ва суханпардозиҳои нафратбарангези Русия ҷонибдорӣ менамояд.

Порлумони Аврупо Минскро ба даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии беш аз ду ҳазор кӯдаки украинӣ ба Беларус низ муттаҳам кардааст.

Амалҳои Александр Лукашенко ба ҷиноятҳои баробар дониста шудаанд, ки Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ бар асоси онҳо қарори боздошти президенти Русия Владимир Путинро содир карда буд.

XS
SM
MD
LG