Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Форуми расонаҳо" бахшида ба 70-солагии Радиои Озодӣ  


Рӯзи 14-уми сентябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон бахшида ба 70-солагии бахшҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Осиёи Марказӣ форуми расонаҳо шуруъ шуд.

Рӯзи 14-уми сентябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон бахшида ба 70-солагии бахшҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Осиёи Марказӣ форуми расонаҳо шуруъ шуд.

Ҷефф Гедмин, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Озодӣ, аз қароргоҳи радио дар Прага суханронӣ кард ва кори рӯзноманигорони мустақилро дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар пасманзари тағйирот дар се даҳаи охир муҳим номид.

Ба гуфтаи ӯ, минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳавзаи кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳамчунин баъзе аз давлатҳои пешрафта эҳтимол бо чолишу таҳдидҳо ба рушди демократия, либерализм, озодии баён ва расонаҳои мустақил беш аз пеш рӯбарӯ ҳастанд.

Форум як рӯз идома карда, дар ҷараёни он таҷрибаҳо дар мавриди таҳқиқоти журналистӣ, бозтоби ҳолатҳои фавқулода ва ҳамчунин кор дар шароити баста будани сомонаҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ бахше аз Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аст, ки бо сармоягузории Конгресс ва тавассути Оҷонси Суханпарокании Байнулмилалии Амрико (USAGM) кор мекунад. Мақомоти давлатии Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла USAGM, ҳақ надоранд, ба мазмуни гузоришҳои он дахолат кунанд.

XS
SM
MD
LG