Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cармеъмори пешин раиси Федератсияи гимнастика шуд


Қосим Усмонзода
Қосим Усмонзода

Қосим Усмонзода, сардори пешини Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе, раиси Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон интихоб гардид.

Ӯро ба ин вазифа аъзои Федератсия дар ҷаласае 11-уми сентябр дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб карданд.

Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон намудҳои гуногун - гимнастикаи бадеӣ, гимнастикаи варзишӣ, акробатика, батут, инчунин паркурро дар бар мегирад.

Вале ин навъҳои варзиш солҳои охир ба мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳанд ва ба сабаби камбуди маблағ варзишгарони тоҷик наметавонанд дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ фаъолона иштирок намоянд.

Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон, ки натавонист аъзоҳақиро ба Федератсияи байнулмилалии гимнастика пардохт намояд, аз узвияти ин созмон берун шуд.

“Ин мушкилиҳо ҳалшавандаанд. Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои беҳтар шудани фаъолияти Федератсияи гимнастика талош хоҳем кард, то варзишгарони мо дар мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат варзида, ҷоизаҳо ба даст биёранд”, - иброз доштааст Қосим Усмонзода.

Ӯ афзудааст, “барои ба ин ҳадафҳо расидан, муҳайё кардани шароити таълимию тамринӣ барои варзишгарон, сафарҳои онҳо ба хориҷи кишвар ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои бузург, инчунин ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон зарур аст.”

Иштирокдорони ҷаласа хотираи неки Тамара Аҷиҷемил, мураббии маъруфи гимнастикаи бадеиро, ки ҳангоми офати табиӣ моҳи август дар бӯстонсарояш дар деҳаи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо писараш ба ҳалокат расидааст, гиромӣ доштанд. Зикр шуд, ки ин мутахассиси варзида дар рушди гимнастикаи бадеӣ дар Тоҷикистон саҳми бузург гузоштааст.

Зимнан, гимнастикаи бадеӣ дар Тоҷикистон таърихи бою рангин дорад. Дар замони шӯравӣ варзишгарони ҷумҳурӣ дар арсаи байнулмилалӣ ба комёбиҳои бузург даст ёфтаанд. Чунончи, Эрика Шиллер дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон барандаи медали тилло шудааст.

XS
SM
MD
LG