Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз ба тарзи баргузории ҷаласаҳои ҳукумат дар Қазоқистон


Суҳбати вазири корҳои дохилии Қазоқистон Марат Аҳметҷонов бо хабарнигорон. Остона, моҳи майи 2023
Суҳбати вазири корҳои дохилии Қазоқистон Марат Аҳметҷонов бо хабарнигорон. Остона, моҳи майи 2023

Тарзи баргузории ҷаласаи ҳафтаинаи ҳукумати Қазоқистон тағйир дода шудааст.

Акнун дар ҷаласа танҳо мансабдорон ё вазироне ҳозир хоҳанд шуд, ки бояд дар мавзӯе ҳисобот диҳанд. Аъзои боқии ҳукумат онлайнӣ иштирок мекунанд.

Дар хадамоти матбуотии ҳукумати Қазоқистон гуфтанд, тасмим барои "беҳбуди робитаҳо ва баланд бардоштани самарбахшии кори рӯзноманигорону вазирон гирифта шудааст”.

Рӯзноманигорони Қазоқистон иқдоми мақомотро як навъ маҳдуд кардани озодии баён меноманд. Ҳукумат ин иддаоро рад мекунад.

Пештар дар ҷаласаҳои ҳукумати Қазоқистон тамоми аъзои ҳукумат иштирок мекарданд ва рӯзноманигорон пас аз ҷаласа метавонистанд аз онҳо ба суолҳои худ посух гиранд.

XS
SM
MD
LG