Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: Ташвиш аз муҷозоти худсаронаи "кӯдакозорон"


​​​​​​​Дар Интернет видеоҳое нашр шуданд, ки нишон медиҳанд, аъзои як гуруҳи телеграмӣ дар Қирғизистон бо мақсади "муҷозоти педофилҳо" шахсони номаълумро боздошт ва латукӯб мекунанд.

Ин амали онҳо баҳси тундеро дар ҷомеаи он кишвар ба бор овардааст.

Дар канале, ки охирҳои моҳи майи имсол дар паёмакрасони Телеграм кушода шудааст, бо мақсади мукотиба бо мардон аксҳои духтарони ноболиғ нашр карда мешаванд. Мардоне, ки ба "ин дом меафтанд" ба мулоқот даъват ва латукӯб хоҳанд шуд.

Дар як видеои нашршуда, аъзои гуруҳи "муҷозоти педофилҳо" мардеро, ки ба мулоқот рафтааст, зада, мегӯянд, бо ин кор мехоҳанд аз "ҳуқуқи бонувон" ҳимоят кунанд.

Ба ин канал беш аз 3000 кас обуна шудаанд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфтанд, дар робита ба амали гуруҳ тафтишотро оғоз кардаанд.

Фаъолон ва рӯзноманигорон ин иқдомро барои давлат хатарзо номида, аз пулис даъват доранд, ки пеши роҳи он гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG