Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти нави рӯзноманигорӣ дар бораи Матраимов ва Абдуқодир


Рӯзноманигорони "Kloop.kg", "Власт", "Temirov LIVE" ва Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) дар таҳқиқоте муайян кардаанд, ки муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов бо соҳибкор Ҳабибулло Абдуқодир қудо шудааст.

Ҳабибулло Абдуқодир як соҳибкори уйғур аст, ки аз ӯ ба унвони созмондиҳандаи империяи қочоқи мол дар Осиёи Марказӣ ном мебаранд.

Ба иттилои рӯзноманигорон, писари Матраимов ҳанӯз дар соли 2021 бо духтари Абдуқодир издивоҷ кардааст. Дар таҳқиқот аксҳое аз ин тӯй ҳам нашр шуда.

"Матраимов бо вуҷуди чанд таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи муносибатҳояш бо Абдуқодир робита бо хонаводаи ӯро рад кардааст. Наворҳои дастрасшуда на танҳо муносибатҳои молӣ, балки робитаҳои хешовандии ду нафарро тасдиқ мекунанд", - навиштаанд рӯзноманигорон.

На хонаводаи Матраимов ва на аз Абдуқодир ба суоли рӯзноманигорон дар ин бора посух надоданд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ якҷоя бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg соли 2019 таҳқиқоти рӯзноманигориеро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Соҳибкори чинӣ Айеркен Саймаитӣ, ки дар шаҳри Истанбули Туркия тирамоҳи соли 2019 кушта шуд, гуфта буд, Абдиқодир таҳти ҳимояти Раимбек Матраимов аз Чин ба Узбекистон мол интиқол медод.

Саймаитӣ ҳамчунин гуфта буд, ки на камтар аз 700 миллион доллари марбут ба Абдуқодирро аз Қирғизистон ба хориҷ бурдааст.

XS
SM
MD
LG