Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони тоҷику қазоқ роҳҳои афзоиши тиҷоратро баҳс карданд. ВИДЕО


Ҳамоиши тоҷирони тоҷику қазоқ дар Душанбе
Ҳамоиши тоҷирони тоҷику қазоқ дар Душанбе

Тоҷирони тоҷику қазоқистонӣ дар ҳамоише дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ ва чигуна зиёд кардани додугирифтро баррасӣ карданд. Ҳамоиши тоҷирони ду кишвар субҳи 12-уми сентябр дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и Душанбе оғоз шуд.

Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар оғози ҳамоиш гуфт, масъулони 15 ширкати қазоқистонӣ ва даҳҳо ширкати тоҷикистонӣ машғули ҷустуҷӯи роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд.

Дар ин ҳамоиш баъзе ширкатҳо қарордод имзо карданд. Аз ҷумла, ширкати “Авесто гуруҳ” бо ширкати “Експортер.қз” барои ворид кардани таҷҳизоти мошинсозӣ ва гандум ба Тоҷикистон тавофуқ карданд. “Авесто гурӯҳ”-ро ширкати афроди наздик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президент Эмомалӣ Раҳмон, ном мебаранд.

Дар Душанбе афзоиши тиҷоратро бо Қазоқистон баҳс карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Қазоқистон яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Ду кишвар солона қариб 1,5 миллиард доллар додугирифт доранд. Бахши асосии гандум ва гази моеъи мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад. Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон маҳсулоти кишоварзӣ мебаранд.

XS
SM
MD
LG