Эмомалӣ Раҳмон(ов): "Ман ба Радиои Озодӣ эътиқоди калон дорам"
Дар тамоми тӯли фаъолияташ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон танҳо як бор бо Радиои Озодӣ мусоҳиба кардааст. Рӯзи 22-юми ноябри соли 2001, вақте барои иштирок дар нишасти ҳамкориҳо бо НАТО ба Прага сафар карда буд. Ҳам дар оғоз ва ҳам дар поёни ин гуфтугӯ ӯ ба кормандони Радиои Озодӣ салом фиристода, гуфтааст, ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ "эътиқоди калон" дорад. Ҳарчанд ҷавобҳои ӯ барои ин мусоҳиба пешакӣ аз тарафи мушовиронаш омода гашта буд, агар гӯш кунед, дар охири ин посухҳои расмӣ баъзе чизҳои ҷолибе гуфтааст.
Порчаҳо
-
август 22, 2023
Бозгашти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
-
июл 22, 2023
Вақте ки 22 июл Рӯзи Забон буд...
-
июн 19, 2023
Ганҷи шойгон. Аз гузаштаҳо, ногуфтаҳо ва ношунидаҳо