Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти писари Мирзо Турсунзода


Масъуд Турсунзода.
Масъуд Турсунзода.

Масъуд Турсунзода, писарии калонии Мирзо Турсунзода, шоири шинохта ва Қаҳрамони Тоҷикистон, субҳи 12-уми сентябр дар Душанбе даргузашт.

Ба гуфтаи наздиконаш, чанд сол боз аз бемории қанд ранҷ мебурд. Ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе дафн мекунанд.

Масъуд Турсунзода солҳои дароз раиси Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе буд.

Ду сол пеш Парвиз Турсунзода, писари хурдии Мирзо Турсунзода, бар асари сактаи қалбӣ фавтид.

Аз фарзандони Мирзо Турсунзода духтараш Фирӯза Турсунзода дар қайди ҳаёт аст.

Мирзо Турсунзода то замони вафоташ дар соли 1977 тайи беш аз ду даҳсола раиси Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон буд.

Осори Турсунзода, аз қабили "Садои Осиё", "Ҷони ширин", силсилаи ашъори ба модар бахшидаи ӯ ва "Қиссаҳои Ҳиндустон" бо забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва нашр шудаанд.

XS
SM
MD
LG