Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти вакили Ҷонболат Мамай ба Додгоҳи конститутсионӣ


Ҷонболат Мамай
Ҷонболат Мамай

Вакили дифои Ҷонболат Мамай, раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон ба Додгоҳи конститутсионии он кишвар шикоят бурдааст. Мамай ба "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи вакили дифоъ Ернар Кенжебоев, ҳуқуқи шахси зери ҳимояи ӯ поймол шудааст, зеро додситон нахуст зидди Мамай бар асоси бандҳои вазнини миёна айбнома эълом карда, дар рафти мурофиаҳои додгоҳӣ онҳоро ба бандҳои марбут ба ҷиноятҳои вазнин табдил додааст.

"Ба ҷуз аз ин, худи Ҷонболат Мамай ба Додгоҳи ноҳияи Бостандиқи Қазоқистон муроҷиат карда, хостааст, маҳрум шудани ӯ аз фаъолиятҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва журналистиро мушахассан шарҳ диҳад," - навиштааст яке аз раҳбарони ҳизби мазкур Инга Имонбой дар Фейсбук.

Додгоҳи Бостандиқи Қазоқистон, 10 апрели имсол Мамайро дар доираи парвандаи "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" ҳангоми ҳодисаҳои январии соли гузашта 6 сол шартан маҳкум кард. Мамай айби эъломшударо рад кард.

Мамайи 34-сола 26 феврали соли 2022 боздошт шуда буд. Ӯ баъди гирдиҳамоии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон бо иттиҳоми нақзи қоидаи ташкили тазоҳуроти осоишта нахуст 15 шабонарӯз ҳабс ва сипас бо гумони "паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" ба СИЗО интиқол дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG