Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаеро, ки дар он Мирзо Турсунзода зистааст, вайрон мекунанд. ВИДЕО 


Нимпайкараи Мирзо Турсунзода
Нимпайкараи Мирзо Турсунзода

Аз қадамҷойи Мирзо Турсунзода, шоири мардумӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон, танҳо осорхонааш дар маркази Душанбе ва кулбае дар зодгоҳи ӯ, деҳаи Қаратоғ мондааст. Манзили нахустинашро дар пойтахт вайрон мекунанд ва бӯстонсарояшро ба каси дигар додаанд.  

Рӯҳуллоҳи Ҷӯрабой, мудири осорхонаи Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Шаҳринав, маҳалли таваллуди шоирро ба мо муаррифӣ кард.

Вақте ба ҳавлие дар маркази ҷамоати Қаратоғи ноҳия даромадем, соҳиби манзил Раҷабалӣ Раҳимов гуфт, кулбае, ки дар он Мирзо Турсунзода ба дунё омадааст, бо гузашти солҳо аз байн рафт.

“Дар ёд надорем, вале аз падарам мешунидем, ки Мирзо Турсунзода дар ҳамин хона таваллуд шудааст. Бо мурури замон кулба фарсуда шуда, аз байн рафт. Додарам дар паҳлӯяш як меҳмонхона сохт, то агар меҳмоне биояд, дар ҳамон ҷо нишаста аз шоир ёд биоранд,” – нақл кард Раҳимов.

Руҳӯллоҳи Ҷӯрабой, мудири осорхонаи Мирзо Турсунзода дар ноҳияи Шаҳринав, дар шарҳи мавзуъ гуфт, азбаски кулба аз хишти хом буд, ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ вайрон шуда буд.

Вай афзуд: “Сурфаҳо ва остонаи кулба зери барфу борон монда, нест шуданд. Мутаассифона, то солҳои ҳафтодум касе ба ин масъала эътибор намедод. Ба ин сабаб хона аз байн рафт.”

Мусоҳиби мо гуфт, тавонистааст танҳо дари дутабақаи ин кулбаро, ки усто Турсун, падари Мирзо Турсунзода худаш тарошида буд, нигоҳ дорад. Ҳоло ин дари кандакоришуда нигорае дар осорхонаи шоир дар ноҳияи Шаҳринав мебошад.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Дар Душанбе манзилеро вайрон мекунанд, ки дар он Мирзо Турсунзода зистааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00

Манзили нахустини шоир дар Душанбе дар паси чойхонаи “Роҳат” воқеъ аст ва шоир дар онҷо достони машҳури “Қиссаҳои Ҳиндустон”-ро офаридааст. Фирӯза Турсунзода, духтари Мирзо Турсунзода, мегӯяд, дар ҳамсоягии онҳо чеҳраҳои маъруфе ба мисли Бобоҷон Ғафурову Зиёдулло Шаҳидӣ мезистанд. Ҳоло ин бино бояд вайрон карда шавад.

Фирӯза Турсунзода
Фирӯза Турсунзода

“Дар хонаи якум Мирсаид Миршакар буданд. Дар қабати дувум Зиёдулло Шаҳидӣ. Дар болои хонаи мо Боқӣ Раҳимзода зиндагӣ мекарданд. Дар канори он кас Толису Муҳиддин Фарҳад буданд. Дар даҳлези дувум Ниёзӣ буданд ва дар паҳлӯяшон Рена Галибова зиндагӣ мекарданд,” – ба ёд овард Фирӯза Турсунзода.

Мирзо Турсунзода бештаре аз фурсатҳои фароғаташро дар бӯстонсарои адибон дар мавзеи “Чорбед”-и Варзоб мегузаронд. Хостем хотираҳои Фирӯза Турсунзодаро дар бораи падараш дар назди бӯстонсаро сабт кунем. Вақте расидем, дарвозаро баста ёфтем. Посбон хабар дод, ки замини бӯстонсарои адибонро яке аз афроди наздик ба мақомоти баландпояи кишвар харидааст, вале аз касе ном нагирифт. Ба мо иҷозаи вуруд надоданд.

Ғафур Шерматов, таърихнигор ва узви Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, мегӯяд, солҳои охир таваҷҷуҳ ба арзишҳои фарҳангӣ ва таърихӣ коҳиш ёфта, манфиатҳои молӣ дастболо мешаванд. Вай афзуд, аз мубориза барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ хаста шудааст, зеро ҳеч мақоме намехоҳад дар ин кор мусоидат бикунад.

Ҳафиз Раҳмон
Ҳафиз Раҳмон

Адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон мегӯяд, ҳангоми сафараш ба Украина курсиеро дар боғе дид, ки рӯйи он Николай Гогол чанд соат нишаста, дастнависҳояшро таҳрир кардааст. Ин курсӣ зери ҳимояти давлат аст. Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи вай, баръакси ин ҳолат мушоҳида мешавад:

“Ба ин назарам, ки ҳар қадамҷойи бузургонамонро бояд эҳтиёт ва барои наслҳои оянда ҳифз кунем. Хонааш бошад, дар шакли аввалия бояд ҳифз кунем. Ҳатто мизу курсӣ ва ҷомаву шалвори мепӯшидаи адиб ва қаламу қоғази онҳоро,” – гуфт Ҳафиз Раҳмон.

Пештар мақомот қасд доштанд осорхонаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти нави тоҷикро дар Душанбе тахриб кунанд. Танҳо расонаӣ шудани ин мавзуъ сабаб гашт, ки мақомот аз ин тасмим даст кашанд, вале маълум нест то кай.

Намояндагони ҳукумат далел пеш меоранд, ки биноҳои тахрибшаванда шомили феҳрасти ёдгориҳои таърихӣ нестанд ва аз ин рӯ тибқи “Генплан” ё барномаи бозсозии Душанбе аз байн бурда мешаванд. Соҳибназарон далел пеш меоранд, ки шомил нашудани ин биноҳо ба феҳрасти ёдгориҳои таърихӣ арзиши онҳоро кам намегардонад. Ва ҳам ислоҳи “Генплан” ба дасти мақомот аст, агар инро хоҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG