Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллимае, ки тоҷир шуд ё соҳибкории занони тоҷик дар Туркия. ВИДЕО


Туркия макони кору зиндагии ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик аст. Бархе дар ин кишвар на фақат барои худ роҳу ҷойгоҳ пайдо кардаанд, балки барои дигарон ҳам ҷойи кор офаридаанд.

Cӣ сол пеш, замоне ки Тоҷикистон даргири ҷанги дохилӣ буд, Зулфия барои кору зиндагии беҳтар ба Туркия рафт ва худро дар онҷо ба унвони як корофарини муваффақ тасбит кард.

Ӯ ибтидо дар дар корхонаҳои истеҳсоли либос кор мекард. Баъдан дар мағозаҳои машҳури туркӣ ҷойи кори беҳтар пайдо ва роҳи худро дар дунёи тиҷорат ҳамвор намуд.

Зулфия эътироф мекунад, ки расидан ба ин нуқта кори осоне набуд. Зеро ба қавли ӯ, “тиҷорат - ин таваккал аст”. “Дар давраи пандемия низ ман корамро мутаваққиф накардам. Тиҷоратро аз тариқи онлайн роҳандозӣ намудам. Фармоишро аз тариқи онлайн қабул мекардам. Мо ҳамеша ба суолҳои муштариён посух медиҳем”- гуфт Зулфия, ки нисфе аз умри худро ба ин кор бахшидааст.

Туркия пас аз Русияву Қазоқистон кишвари нисбатан дастрас барои кору зиндагӣ ва тиҷорати шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Баровардҳои ғайрирасмӣ ҳокӣ аз он аст, ки тақрибан даҳ ҳазор тоҷикистонӣ дар онҷо кору иқомат мекунанд.
Тоҷирони тоҷик дар Туркия ҳам бекор намемонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

Муаллимае, ки барои таъмини фарзандон муҳоҷир ва тоҷир шуд

Фируза Ҳайдарова 12 сол қабл ба Истамбули Туркия рафт ва ҳоло дар як ширкати маъруфи туркӣ кор мекунад. Ширкате, ки Фируза дар он кор мекунад, бо такя ба таҷриба ва забондонияш ӯро ба кор қабул кардааст.

Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “мизоҷон масалан чӣ мехоҳанд, талаби онҳоро назорат мекунам. Кадом навъи либосҳо ба фуруш мераванд. Муштариён бештар чигуна шакли моделро пушидан мехоҳанд, талабот бештар ба чӣ аст, назорат карда онро ба ширкат мерасонам ва барои таҳияи чунин либосҳо мусоидат мекунам”.

Фируза Ҳайдарова мегӯяд, қабл аз он, ки ба Истамбул биёяд, дар мактаб муаллимаи риёзӣ буд. Вақте таъмини зиндагӣ барояш мушкил шуд, тасмим гирифт ба муҳоҷират равад. “Ман ду духтар дорам, онҳо вақте калон шуданд, талаботи онҳо низ зиёд шуд. Маҷбур ба тиҷорат гузаштам. Ба давлати хориҷа рафтам, то талаботи фарзандонамро қонеъ кунам. Онҳо дар донишгоҳ таҳсил кунанд. Шароити зиндагии онҳоро беҳтар кунам гуфта, ман ба ҳамин кор гузаштам”.- гуфт, Фируза.

Муаллимаи собиқ мегуяд, донандаи хуби забони англисиву туркӣ аст ва ин барои пайдо кардани кори беҳтар барояш кумак кардааст. Фируза Ҳайдарова мегуяд, ҳар боре муваффақияти занонро мебинад хушҳол мешавад. Ӯ ба онҳое, ки мехоҳанд, дар роҳи тиҷорат қадам гузоранд, машварат медиҳад, ки аз чизе натарсанд.

"Меҳнати ҳалол мекунем"

Теъдоди занони тоҷике, ки дар Туркия ба тиҷорат машғул ҳастанд, зиёданд. Аксаран дар фурушгоҳҳои ин кишвар кор мекунанд ва даромади хуб ҳам ба даст меоранд.

Яке дигар аз занони тоҷик Ширинмоҳ аст. Баъд аз оне, ки кораш дар Русия омад накард ва писарашро ихроҷ карданд, ӯ кор дар Туркияро интихоб кард. Чор сол пеш бо хонаводааш вориди Истамбул шуд.

Дар аввал надонистани забон барояш мушкил буд, вале баъдан забони туркиро аз худ кард. Вай гуфт: “ҳама кор душворӣ дорад ва роҳи ҳал ҳам дорад. Шукри Худо маош мегирем, дар мусофирӣ ҳам бошад меҳнати ҳалол мекунем. Камбудӣ нест, фарзандам ҳамроҳам аст”.

Кори соҳибкорзанони тоҷик дар Туркия бе мушкил нест

Ширинмоҳ мегӯяд, кораш танҳо аз фуруши либос дар мағоза иборат нест. Аз тоҷирони тоҷик дар бозорҳои Тоҷикистон аз тариқи интернет фармоиш қабул ва барояшон молу коло дастрас мекунад. Ин ҳам кори содаву осон нест мегӯяд, Ширинмоҳ: “Ҳаракат мекунем, ки аввал ба онҳо расм фиристем. Онҳо маъкул мекунанд, баъд мо борро мефиристем. Бе иҷозати онҳо мо ҳеҷ чиз роӣ карда наметавонем. Аз аввал ба онҳо нишон дода, баъд борро равон мекунем. Мо ҳам онлайн ва ҳам муштариёне ки аз Душанбе меоянд, бо онҳо кор мекунем”.

Дар мағозае ки ӯ кор мекунад, чаҳор зани дигари тоҷик низ ҳамроҳаш ҳастанд. Ба қавли худаш ин ба ӯ неру медиҳад. Бо ин ҳама кори тоҷирзанони тоҷик дар Туркия бидуни мушкил нест.

Бахши аслии сару либос бо сифати нисбатан беҳтар ба кишварҳои Осиёи Миёна аз бозорҳои умдафурӯшии Туркия ворид мешаванд. Маконе, ки занони тоҷик низ ҷои кору даромад доранд. Аз ин хотир ба гуфтаи занони тоҷик рафтору гуфтори онҳо низ масъулияти зиёд дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG