Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Продюсери Галкин аз баргузории консерт дар Қазоқистон хабар дод


Максим Галкин
Максим Галкин

Алексей Пучков, продюсери ҳунарманди русиягӣ Максим Галкин хабар дод, ки ҳунарнамоии ӯро дар шаҳрҳои Остона ва Алмаатои Қазоқистон тасдиқ кардаанд. Галкин пештар шикоят карда буд, ки ҳунарнамоии ӯро дар ин шаҳрҳо бекор кардаанд.

"Дӯстон, билохира мо хабарҳои хуш пайдо кардем! Ҳунарнамоии Максим Галкин дар Қазоқистон баргузор хоҳад шуд!", - навишт продюсери Галкин дар саҳифаи Фейсбук.

Дар ҳукумати шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфтанд, ҳунарнамоии Галкин рӯзи 8 октябр баргузор мешавад. Дар хадамоти матбуотии ҳукумати Остона ҳамчунин гуфтанд, ки "ҳеч маҳдудияте барои ҳунарнамоии Галкин пештар низ набуд".

Ҳунарнамоии Галкин дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон рӯзи 9 октябр дар назар дошта шудааст.

Пештар аз ин Максим Галкин гуфта буд, ки чанд моҳ аст, ки наметавонад барои ҳунарнамоияш дар Қазоқистон иҷоза бигирад. Вай гуфта буд, дар Қазоқистон "дар сатҳи давлатӣ" монеи баргузории консертҳои вай мешаванд.

Максим Галкин аз оғози ҳамлаи густардаи Русия ба Украина зидди ҷанг баромад кардааст. Вай соли 2022 Русияро тарк кард. Галкин борҳо - ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар рафти ҳунарнамоияш - зидди ҷанг суханронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG