Дар паёмрасони ширкати хусусии низомии "Вагнер" барои волидони ҷангҷӯён рӯзи панҷшанбе хабаре нашр шуд, ки дар он омадааст, "дар робита ба ҳодисаҳои ахир" ин ширкат "муваққатан ҷалби ҷангҷӯёнро қатъ мекунад".
Хабаргузории "Агентсво" менависад, паёмакрасони мазкур бештар аз 13 ҳазор узв дорад.
Ҳавопаймое, ки муассиси "Вагнер" Евгений Пригожин, яке аз фармондеҳони ин ширкат - Дмитрий Уткин ва чанд нафари дигари марбут ба ширкати мазкур савори он буданд, рӯзи 23 август суқут кард.
Баъди марги Пригожин расонаҳо навиштанд, ки вазорати мудофиаи Русия мехоҳад, фаъолияти "Вагнер"-ро дар Сурия ва Африқо таҳти назорат гирад. Сарнавишти аъзои ин ширкат, ки дар Белорус ҳастанд, норӯшан боқӣ мемонад.
Худи Пригожин дар моҳи июл гуфта буд, ки ҷалби ҷангҷӯёнро ба сафи "Вагнер" муваққатан манъ кардааст.
Хабаргузории "Агентство" менависад, хешовандони ҷангҷӯёни "Вагнер" аз пардохт нашудани музд ва мушкили аз хазинаҳо дарёфт кардани музди ҷангҷӯёни "Вагнер" шикоят доранд.