Муҳокимаи додгоҳӣ аз рӯи даъвои додситонии шаҳри Бишкеки Қирғизистон оид ба барҳам додани "Клооп Медиа" 26 сентябр баргузор мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуотии додгоҳ хабар доданд.
Рӯзи 28 август расонаҳои маҳаллии Қирғизистон хабар доданд, ки додситонии Бишкек аз додгоҳ хостааст, бунёди ҷамъиятии "Клооп Медиа" (молики Kloop.kg) барҳам дода шавад. Дар шикояти додситонӣ аз ҷумла омадааст, дар натиҷаи ташхиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муайян карда шуд, ки "матлабҳои расонаи мазкур ба танқиди сиёсатҳои ҳукумати кунунӣ равона шудаанд" ва "бештари матлабҳои расона хусусияти манфӣ дошта, ба бадномсозии намояндагони давлат бахшида шудаанд".
"Клооп Медиа" ин даъвои додситониро "фишори бесобиқа ба озодии баён дар Қирғизистон" унвон кард. Ҳуқуқшиносони расона тасмим доранд, аз болои даъвои додситонӣ шикоят баранд.