Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон 309 шаҳрвандро муфлис эътироф карданд


Вазорати молияи Қазоқистон рӯзи 4 сентябр хабар дод, ки 309 кас муфлис эътироф шудааст.

Миёни онҳо 22 шаҳрванд дарёфткунандаи кӯмакпулиҳои давлатӣ буда, 232 шаҳрванди дигар натавонистаанд, бештар аз 5 сол қарзҳои бонкиро пардохт кунанд.

Калонсолтарин шаҳрванди муфлисшуда 64 сол ва ҷавонтарини онҳо 23 сол доштааст. Калонтарин ҳаҷми қарзи шаҳрвандони муфлисшуда 106,5 млн танга ва хурдтарин ҳаҷми қарз, ки бар асоси он шаҳрвандро муфлис эълом кардаанд, 48,5 ҳазор танга будааст.

"То санаи 5 сентябр дар маҷмуъ 64,6 ҳазор дархост барои муфлис эътироф шудан ворид гардидааст. Аммо ба 51,4 ҳазор дархост посухи рад дода шуд", - омадааст дар хабари вазорати молияи Қазоқистон.

Шаҳрвандоне, ки муфлис эътироф шудаанд, акнун қарзи онҳо бахшида шудааст. Аммо онҳо аз ҳаққи дарёфти қарзҳои нав давоми панҷ соли оянда маҳруманд.

XS
SM
MD
LG