Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди шиканҷаи фаъоли қазоқ, 11 корманди маҳбасро барканор карданианд


Тимур Данебоев
Тимур Данебоев

Баъди нашри навори латукӯби Тимур Данебоев - фаъоли қазоқистонӣ дар зиндон, 11 корманди маҳбасро мехоҳанд барканор кунанд. Дар ин бора дар сомонаи Кумитаи иҷрои ҷазои ҷиноии Қазоқистон хабар додааст.

Ба илова дар натиҷаи таҳқиқи хидматӣ пешниҳод шудааст, ки сардори вилоятии Кумитаи иҷрои ҷазои ҷиноӣ, муовини вай ва сардори зиндон аз мақом барканор шаванд.

Елена Семенова, ҳомии ҳуқуқи қазоқистонӣ, ки ба маҳбаси Атбасар рафтааст, 5 сентябр дар саҳифаи фейсбук навишт, 9 корманди маҳбас, аз ҷумла сардори он барканор ва нисбати кормандони маҳбас парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар бахши қазоқистонии шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он дида мешавад, кормандони маҳбас Тимур Данебоев - фаъоли зиндониро шиканҷа мекунанд.

Навори шиканҷаи ин фаъолро бархе аз саҳифаҳои телеграмӣ ва расонаҳо нашр карданд. Дар шарҳи навор гуфта мешавад, он аз сӯи зиндонбонони маҳбаси шаҳри Атбасари Қазоқистон рӯзи 24 август сабт шудааст.

Кумитаи иҷрои ҷазои ҷиноии Қазоқистон рӯзи 4 сентябр хабар дод, ки баъди нашри навор таҳқиқи дохилӣ ё хидматиро шуруъ кардааст.

Тимур Данебоев - сокини шаҳри Остона ва фаъоли шаҳрвандӣ баъди он маъруф гардид, ки талош дошт, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро барои изҳороташ дар бораи "20 ҳазор террорист" дар ҳодисаҳои январии соли 2022 ба додгоҳ кашад.

Моҳи июни соли ҷорӣ додгоҳ Тимур Данебоевро бо айби барангехтани адоват се сол зиндонӣ кард. Ӯро барои ҳарфҳояш дар мавриди танқиди ҳукумат, ҳамлаи Русия ба Украина ва воридшавии неруҳои СПАД ба Қазоқистон дар моҳи январи соил 2022 ба додгоҳ кашиданд.

Тимур Данебоев шомили рӯйхати "зиндониёни сиёсӣ" шудааст. Ин рӯйхатро ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ тартиб медиҳанд.

XS
SM
MD
LG