Бо фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз 5 сентябр Марат Ахметҷонов раиси вилояти Акмола ва Ербол Карашукеев раиси вилояти Ҷамбил таъйин шудаанд.
Марат Ахметҷонови 58-сола аз моҳи феврали соли 2022 вазири корҳои дохилӣ буд. Ӯро 1 сентябр аз мақом барканор карданд.
Ербол Карашукеев то 1 сентябр вазири кишоварзии Қазоқистон буд. Ӯро раиси вилояти Ҷамбил таъйин кардаанд.