Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Times дороии хонаводаи Назарбоевро дар Лондон ошкор кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Хешовандони президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Бритониё бо арзиши бештар аз 40 млн фунт стерлинг амвол доранд, ки дар ширкатҳои офшорӣ сабт шудаанд. Дар ин бора нашрияи Times хабар медиҳад.

Ин маълумот баъди он ошкор шуд, ки мақомоти Бритониё баъди ҳамлаи Русия ба Украина муқаррароти нав ҷорӣ карданд. Бино ба муқаррароти нав, имкон фароҳам шуд касоне, ки дар ошфорҳо қасру кушк доранд, ошкор шаванд. Пештар иттилои мазкур махфӣ нигаҳ дошта мешуд.

Times маълумоти феҳристи ягонаи Бритониёро таҳлил ва ошкор кардааст, ки кадоме аз фарзандон ва ҳамсафони худкомаҳо аз кишварҳои фасодзадаи дунё дар Бритониё бо арзиши миллионҳо фунт амвол харидаанд.

Бино ба иттилои ин феҳрист, духтари калонии Назарбоев Дариға Назарбоева дар шимоли Лондон хонае дорад, ки арзишаш 9,3 млн фунт стерлинг аст. Дариға ҳамчунин ду манзили дигар дар бисёрошёнаҳои минтақаи Челсӣ дорад, ки арзиши ҳар ду ба 31 млн фунт стерлинг мерасад. Ин амвол дар ширкатҳои офшории Tropicana Assets Foundation ва Villa Magna Foundation дар Панама сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG