Идораи гумруки шаҳри Деҳлӣ рӯзи 2-уми сентябр дар cаҳифааш дар шабакаи иҷтимоии “X” Твиттери собиқ навишт: “Ҳангоми тафтиши дақиқи мусофирон Идораи гумрук аз як шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе вориди Деҳлии нав шуданд, 5488 грам тило мусодира кард.”
Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки ҳарду мусофир дастгир шудаанд ва таҳқиқоти иловагӣ дар ин замина идома дорад. Ному насаби дастгиршудагонро нагуфтаанд. Идораи гумруки Деҳлӣ дар саҳифааш дар шабакаи “X” акси чанд хишти тиллоиро нашр кардааст.
https://twitter.com/AirportGenCus/status/1697829599705788752?s=20
Аз Душанбе ба Деҳлӣ ширкати “Сомон Эйр” парвоз анҷом медиҳад. Маълум нест, чӣ гуна ба мусофироне, ки аз Душанбе ба Ҳинд рафтаанд, муяссар шудааст, ки ҳаҷми зиёди тиллоро бо худ баранд.
Дар гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе нӯҳ нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар кочоқи 90 кило тило ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон гунаҳкор донист ва онҳоро ба муҳлатҳои аз ду то панҷуним сол ба зиндон маҳкум кард.
Ин гуруҳ, ки соли 2021 ҷазо гирифтанд, ба гуфтаи додгоҳ аз 4-уми сентябр то 14-уми ноябри соли 2020 беш аз 100 миллион доллар ва зиёда аз 1 тонаю 376 кило тилои шаҳрвандони Афғонистонро ба хориҷ интиқол додаанд.
Гуфтугӯ