Мақомоти ҳавопаймоии Қазоқистон баъди хабари ҳамлаи бесарнишинҳо ба фазои ҳавоии Русия аз хатар ба амнияти парвозҳо ба Русия ҳушдор доданд. Дар ин бора мақомоти Қазоқистон рӯзи 31 август хабар доданд.
"Дар робита ба нашри хабарҳо дар бораи ҳамлаи пайи ҳами бесарнишинҳо ба иншооти осоишта ва зерсохтори нақлиёт дар минтақаҳои бо Қазоқистон ҳаммарз мақомоти ҳавопаймоии Қазоқистон дараҷаи хатарро ба амнияти парвозҳо баҳогузорӣ кардаанд. Дар пайи ин баҳогузорӣ муайян шуд, ки ба амнияти парвози ҳавопаймоҳо хатар вуҷуд дорад", - омадааст дар посухи вазорати саноат ва рушди зерсохтори Қазоқистон.
Ҳамзамон мақомоти Қазоқистон аз ширкатҳои хусусии ҳавопаймоҳи хостаанд, ки дараҷаи хатарро ба парвозҳо "дар навбати худ баҳогузорӣ кунанд" ва барои коҳиши хатарҳо чораҷӯӣ намоянд.
Айни замон дар парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвар маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.
Рӯзи панҷшанбе дар Маскав як бесарнишинро суқут доданд. Дар фурдугоҳҳои Москва бештар аз 130 парвоз ба таъхир уфтод.