Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, яке аз фарзияҳои суқути ҳавопаймое, ки раҳбари ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер” Евгений Пригожин дар дохили он буд, метавонад "ҷинояти барқасдона" бошад.
"Ба далели он ки ҳанӯз хулосае дар даст нест, наметавонам ба шумо дақиқ гӯям, ки чи шудааст. Аммо фарзияҳои гуногунанд. Яке аз онҳо метавонад "ҷинояти барқасдона" бошад. Биёед мунтазири натиҷаи санҷиши Кумитаи тафтишотии Русия бимонем", - иқтибос овардааст РБК аз суханони Песков.
Хабаргузории Reuters қаблан иттилоъ дода буд, ки Кумитаи байнидавлатии авиатсия дар посух ба дархости Маркази таҳқиқот ва пешгирӣ аз садамаҳои ҳавопаймоии Бразилия (CENIPA), ки мехост дар таҳқиқи ҳодиса иштирок кунад, гуфтааст, Русия тафтишотро бар асоси қоидаҳои байналмилалӣ анҷом намедиҳад. Зеро ҳавопаймо дар ҷараёни парвози дохилӣ суқут кардааст ва онро мақомоти маҳаллӣ таҳқиқ хоҳанд кард.
Евгений Пригожин, раҳбари ҷангиёни “Вагнер” рӯзи 23-юми август ҳангоми суқути ҳавопаймо дар роҳ ба Санкт-Петербург ба ҳалокат расид.
Баъди чаҳор рӯз аз суқути ҳавопаймои ширкати хусусии низомии “Вагнер” Кумитаи тафтишотии Русия марги Евгений Пригожин, мудири ин ширкат ва 9 нафари дигарро тасдиқ кард.
Мақомоти Русия ҳанӯз омилҳои аслии суқути ҳавопайморо эълон накардааст, аммо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ фарзияҳои мухталифе дар ин бора садо медиҳанд.
Ошӯби Пригожин ба зидди фармондеҳони баландрутбаи Русия дар ду моҳи пеш шубҳаву гумонҳоро дар атрофи марги ӯ бештар кардааст.
Бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ ба даст доштани Ҳукумати Русия дар марги Пригожин ишора мекунанд. Кремл ин иддаоҳоро рад мекунад.