Ин мавзӯъро як изҳороти Шаҳноза Соатова, блогер ва мушовири ҳуқуқӣ дар Узбекистон доғ кардааст.
Ӯ дар як навиштаи худ аз афзоиши таблиғи бисёрҳамсарӣ дар расонаҳо ва бозори реклама нигаронӣ кардааст."Мо ба ҳайси як кишвари дунявӣ якҳамсариро ҳамчун меъёри иҷтимоӣ қабул карда, бисёрзаниро ҷиноят эълом кардем. Аммо шахсони масъул бо далелҳои номаълум дар баробари таблиғи бисёрникоҳӣ дар матбуот хомӯш ҳастанд. Кадом шабакаи телевизиониеро монед, дар он филм дар бораи бисёрзанӣ намоиш дода мешавад. Дар шабакаҳои Инстаграм ва Ютуб ҳам ин мавзуъ зиёд дида мешавад", - навиштааст блогер дар Фейсбук.
Вай ин равандро “таблиғ алайҳи низом ва самти муайянкардаи Конститутсияи Узбекистон” номидааст.
Корбаре бо номи Аброр Машарипов гуфтааст, бисёрзанӣ дер боз дар ҷомеаи Узбекистон вуҷуд дорад ва "ҳатто агар барои он ҳукми эъдом ҳам ҷорӣ шавад, аз байн нахоҳад рафт".
Ҳуқуқшинос Дилшодбек Тошпулодов изҳор доштааст, ки "бисёрзанӣ ба усули давлати дунявӣ мухолифат намекунад".
Банди 126-и Кодекси ҷиноии Узбекистон бисёрникоҳиро манъ карда, барои он аз корҳои ислоҳӣ ё то се соли зиндонро пешбинӣ мекунад.