Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 истироҳатгоҳ дар Иссиқкул ба иҷора дода мешаванд


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навиштааст, ки сармоягузорон метавонанд 15 истироҳатгоҳро дар соҳили Иссиқкул то 49 сол ба иҷора гиранд.

Вай бо нашри акс ва видеои истироҳатгоҳҳои куҳна афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри давлат ва ниҳодҳои давлатӣ 15 иншоот қарор дорад ва ҳамаи онҳо бе нигоҳубин мондаанд.

"Мо ин истироҳатгоҳҳоро то 49 сол ба иҷора медиҳем. Аз сарватмандони дохилӣ ва сармоягузорони хориҷӣ даъват мекунам, ки биёед, бигиред ва меҳмонхонаҳои 3,4,5-ситораӣ бунёд карда, кор кунед. Ман гуфта наметавонам, ки шумо дар муҳлати кутоҳ сармояҳои худро пас мегиред. Вале бовар дорам, дар 49 сол метавон аз харҷҳои худ се-чор баробар бештар фоида кард", - навиштааст ӯ.

Ҷабборов афзуда, ки худи давлати Қирғизистон барои сармоягузорӣ дар тиҷорат пул дорад, вале ба гуфтаи ӯ, "равона сохтани он пулҳо ба тиҷорате, ки дар дарозмуддат фоида меорад, маъное надорад".

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифта, ки 4 истироҳатгоҳро дар соҳили Иссиқкӯл ба муҳлати 49 сол ба Узбекистон диҳад. Сухан аз истироҳатгоҳҳои "Дилором", "Золотые пески", "Роҳат" ва "Бустон" меравад.

Қирғизистон соли 2016 бо роҳбарии сарвазир Темир Сариев тасмим гирифт, истироҳатгоҳҳои мазкурро, ки то он замон дар ихтиёри Узбекистон қарор доштанд, миллӣ гардонад.

Узбекистон ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят бурд. Тошканд шикоят кард, ки Қирғизистон созишномаи байни давлатҳои пешини шӯравиро аз соли 1992 вайрон кардааст. Созишномаи мазкур истифодаи иншоотеро ба танзим медарорад, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди ҷумҳурии дигар боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG