Президентҳои Русия ва Туркия -- Владимир Путин ва Раҷаб Эрдуғон аввалҳои моҳи сентябри имсол дар шаҳри Сочӣ мулоқот хоҳанд кард.
Ҳизби адолат ва рушди Туркия, ки Эрдуғон раҳбари он аст, гуфтааст, президентҳо имкони иштироки дубораи Русия дар созишномаи ғалларо баррасӣ мекунанд.
Сухангӯи Путин Дмитрий Песков ҳам дар бораи ин мулоқот хабар дода, гуфтааст, Кремл ба он омодагӣ мебинад. Хабаргузории "Bloomberg" бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дода, ки мулоқот 8 сентябри имсол баргузор мешавад.
Аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина бандарҳои украинӣ дар Баҳри Сиёҳ зери муҳосираи нерӯҳои Русия қарор гирифтанд ва содироти гандум тақрибан қатъ шуда буд. Сипас ҷонибҳо бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид ба созиш расида, содироти гандуми украиниро иҷозат доданд. Муҳлати созиш 17-уми июли имсол ба анҷом расид.
Русия баъди ба поён расидани муҳлат гуфт, қасди тамдиди онро надорад.