Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Остона "ҳуҷум" ба меваю сабзавоти Тоҷикистонро шарҳ дод


Шаҳрдори Остона Женис Қосимбек гуфтааст, дар ҷараёни намоишгоҳи маҳсулоти Тоҷикистон, ки ахиран дар пойтахти Қазоқистон баргузор гашт, "ҳолатҳои осеб дидани молу мулк мушоҳида шудааст".

Ба гуфтаи Қосимбек, бархе аз сокинони маҳаллӣ овеза, раста ва ороишҳоро тахриб кардаанд.

"Ин нишондиҳандаи маданияти паст ва қадр накардани меҳнати дигарон аст. Ба далели амали бархе аз афрод номи тамоми сокинони Остона "бад" шуд", - навиштааст ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук".

Шаҳрдори Остона афзудааст, ки ба пулис дастур додааст, то "шахсияти афроди харобкор ва вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятиро муайян кунад. "Гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд", - изҳор доштааст шаҳрдор.

Тавре видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, бархе аз сокинони Остона баъди ба поён расидани намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар майдони "ЭКСПО"-и шаҳр ба меваю сабзавот "ҳуҷум" мекунанд.

Ин намоишгоҳ дар доираи таҷлили Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон ташкил шуда буд.

Ба иттилои шаҳрдори Остона, дар чорабинӣ ҳудуди 300 истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Суғд иштирок карда, беш аз 1000 тонна маҳсулот ба намоиш гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG