Дар шаҳри Жанаозени вилояти Манғистауи Қазоқистон дасти кам кормандони ду ширкати коммуналӣ эътироз карданд.
Беш аз 100 корманди ширкати "Озенмунайгаз", ки аз бузургтарин корфармоён дар шаҳр аст, 25 август ба нишони эътироз дар назди бинои коргоҳи ширкат ҷамъ шуданд.
Кормандони ширкатҳои коммуналӣ талаб доранд, квотаи ҷойҳои кории интиқолӣ ба "Озенмунайгаз", ки дар ҳоли ҳозир 40 адад аст, кам карда нашавад. Интиқоли кормандон ба "Озенмунайгаз" дар се моҳ як маротиба сурат мегирад. Ҳамчунин аз корфармо талаб мешавад, ки кормандонашро таъқиб накунад.
Ба гуфтаи эътирозгарон, онҳо моҳона камтар аз 100 ҳазор танга маош мегиранд, ки ҳатто ба хариди маводи ниёзи аввал намерасад.
Намояндагони "Озенмунайгаз" бо эътирозгарон мулоқот карда, гуфтаанд, иҷрои талаби онҳо "номумкин" аст. Ширкат то ҳол эътирози кормандонашро расман шарҳ надодааст.