Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори се фурудгоҳи муҳимро дар Маскав маҳдуд кардаанд


Фаъолияти фурудгоҳҳои Шереметево, Внуково ва Домодедово дар Маскав, ки ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон аз тариқи онҳо ба инҷову онҷо сафар мекунанд, барои чанд соат маҳдуд шудааст.

Мақомоти Русия тасмимро ба ҳамлаи дрон ё паҳподҳо ба Маскав пайванд доданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳамлаҳо субҳи 26-уми август сурат гирифт.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, гуфт, як ҳавопаймои бесарнишинро дар ноҳияи Истрински, 50-километрии ғарби Кремл, нобуд карданд.

Як рӯз пеш низ кори фурудгоҳи азими Маскав маҳдуд шуда буд.

Вазорати дифои Русия рӯзи 25-уми август гуфт, системаи дифои зиддиҳавоӣ 42 дрони Украинаро дар фазои нимҷазираи Қрим ё маҳв карда ва ё аз кор андохтааст. Як мушаки украинӣ, ба гуфтаи вазорат, дар вилояти Калуга нобуд карда шуд.

Дар айни замон Украина гуфт, Русия ба чандин маҳаллу минтақаҳои он кишвар бо дронҳои қотил ва мушак зарба зад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG