Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинои Додгоҳи олӣ ва ду вазоратро дар Тоҷикистон нав мекунанд


Бинои ҳозираи Додгоҳи олии Тоҷикистон
Бинои ҳозираи Додгоҳи олии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор кардааст, ки барои бунёди бинои нави Додгоҳи олӣ, Вазорати адлия ва Вазорати тандурустӣ 86 миллион сомонӣ ё бештар аз 8 миллион доллар ҷудо кунанд.

Дар қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2-юми августи имсол имзо кардааст, ба Вазорати молия дастур додаанд, ин пулро аз ҳисоби Бунёди рушди иқтисоди Тоҷикистон диҳанд.

Интизор меравад, бар асоси қарор ҳамчунин барои сохтмони Донишгоҳи тиббии вилояти Хатлон ва як меҳмонхона дар ноҳияи Данғара 21 миллион сомонӣ ихтисос бидиҳанд.

Дастур барои сохтмони биноҳои нав барои идораҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон дар замонест, ки ҳукуматро барои дастгирии ками аҳолии муҳтоҷ ва ҳифзи иҷтимоии онҳо ва харҷи зиёд барои биноҳои бошукӯҳ танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG