Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: Душанбе ва Бишкек ба Русия дар фиреби таҳримҳо кумак мекунанд


Бино ба санадҳои гумрукӣ таҷҳизоти таҳримшуда ба Русия тариқи кишварҳое мисли Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин ва Қирғизистон роҳ ёфтаанд.

Оҷонсии Reuters дар як гузориши таҳқиқӣ маълум кардааст, ки бо вуҷуди ҷорӣ шудани таҳрим, ширкатҳои Русия аз моҳи май то июни имсол ба маблағи 1,2 миллиард доллар қисмҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла, дасnгоҳҳои ширкати Northrop Grumman, дастгоҳи қаҳвапазӣ, гӯшиҳои махсуси телефон барои роҳбаладони ҳавопайморо харидорӣ кардаанд.

Бино ба хулосаи гузориш, ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" аз замони оғози ҳамлаи бедалели Русия ба Украина, беш аз 20 навъи таҷҳизоти истеҳсоли Амрикоро ба Маскав ворид кардааст. Маълум нест, ки ширкати русӣ ин маҳсулотро чӣ гуна харидорӣ кардааст. Масъулини ширкат ин мавзӯъро шарҳ надоданд.

Ширкати Компания Northrop Grumman, эълон кард, ки бо ширкатҳои Русия харидуфурӯш накардааст ва таъкид намуд, ки ҷиддан тамоми қонуну қоидаҳои вобаста ба таҳрим ва содироти таҷҳизотро риоя мекунад.

То замони эълони таҳрим, ширкатҳои ҳайвпопаймоии Русия барои таъмиру назорати техникии ҳавопаймоҳои худ ба ширкатҳои азиме чун Lufthansa Technik муроҷиат мекарданд. Вақте ин ширкат хидматрасонияш ба Маскавро қатъ кард, Русия ба ширкатҳои хурдтар рӯ овард.

Барои мисол, таҳқиқ маълум кардааст, ки бахши хадамоти техникии ширкати ҳавоии S7 бо ширкати Air Rock Solutions-и Молдова ҳамкорӣ дорад. Бино ба нишондодҳо, дар 14 моҳи ахир, S7 аз ҳамкори молдовии худ ба маблағи 1,23 миллион доллар қисми эҳтиётӣ харидааст.

Масъулини ширкати Air Rock Solutions фурӯши маҳсулоташонро ба ширкатҳои Русия рад мекунанд. Иван Мелников, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари ширкат гуфтааст, аксари харидорони онҳо аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қирғизистонанд.

Таҳқиқи Reuters маълум кардааст, ки дар воқеъ аксари таҷҳизоти ин ширкат тариқи кишварҳои дигар ба Русия бурда шудаанд.

Баъди оғози ҷанги Русия дар Украина, дар баробари манъи парвози ҳавопаймоҳои Русия ба кишварҳои дигар, содирот ва фурӯши таҷҳизоти авиатсионӣ ба ин кишвар манъ шуд.

Ҳамчунин аз ширкатҳои ҳавоии Русия талаб шуда буд, ки ҳавопаймоҳои тариқи лизинг ба дастовардашонро ба кишварҳои истеҳсолкунанда баргардонанд. Коре, ки Русия онро иҷро накард. Аз ин рӯ ҳоло парвози ҳавопаймоҳои Русия ба аксар кишварҳо манъ аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG