Амалиёти наҷот, ки бо истифодаи чархболҳо ва курсиҳои сайёр сурат гирифт, шоми 22-юми август ба анҷом расид ва аз ҷумла 5 кӯдаки 11 то 15-соларо сиҳату саломат берун оварданд.
Анварулҳақ Кокар, сарпарасти мақоми сарвазири Покистон хабар дод, ки “ҳамаи кӯдакон бомуваффақият ва амн наҷот дода шуданд”. Ӯ дар саҳифаи шабакаи Х, собиқ Твиттераш навишт, “кори якҷояи низомиён, наҷотбахшон, маъмурият ва ҳам сокинони маҳаллӣ олиҷаноб анҷом ёфт”.
Ҳашт сокини ноҳияе дар вилояти Хайбар Пахтунхва, ки мехостанд бо истифода аз вагончаи ҳавоӣ аз болои дарёе дар минақаи Баттаграм гузаранд, баъди канда шудани яке аз симҳо дар ҳаво дармонданд. Интизории онҳо 15 соат тӯл кашид.
Баъзе аз кӯдаконе, ки дар дохили вагонча дармонда буданд, аз мактаб бармегаштанд. Тамоси онҳо бо хонаводаашон тариқи телефони мобил сурат мегирифт.
Барои аз ҳолати муаллақ дар ҳаво наҷот додани ин гурӯҳи дармондаҳо, наҷотбахшон савори чархбол ба вагонча наздик шуда аз он ҷо ҳамаро бонавбат берун оварданд.