Ба иттилои ин сомона, масъалаи ҷудо кардани маблағ барои ҷуброни зарари кишоварзон дар ҳоли баррасӣ аст.
Кишоварзони 5 ноҳияи вилояти Ҷамбил тобистони имсол мушкили камобӣ доштанд. Ба далели норасоии об қисме аз зироати онҳо хушк шудааст. 80 дарсади оби вилояти Ҷамбил аз Қирғизистон ворид мешавад.
Соли ҷорӣ, ба иттилои мақомоти Қазоқистон, ҳаҷми об дар обанборҳои Қирғизистон 10 баробар кам шудааст. Моҳи ҷорӣ Қирғизистон гуфт, ки интиқоли обро ба вилояти Ҷамбил қатъ мекунад.
Вазорати кишоварзии Қирғизистон рӯзи 22 август дар робита ба қатъи интиқоли об ба вилояти Ҷамбил хабар дод, ки "Қирғизистон уҳдадориҳояшро дар робита ба Қазоқистон иҷро кардааст".