Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон будҷавиҳоро ба пахтачинӣ мебаранд


Дар чанд вилояти Туркманистон мавсими ҷамъоварии пахта шуруъ шудааст ва бисёре аз кормандони муассисаҳои давлатӣ ё ба истилоҳ буҷавиҳоро иҷборан ба ҷамъоварии пахта фиристодаанд.

"Рӯзи 20 август қариб ҳамаи кормандони муассисаҳои давлатии вилояти Лебапро ба пахтачинӣ фиристоданд. Миёни онҳо омӯзгорон, пизишкон, кормандони осорхонаҳо, китобхонаҳо, вокзал ва ҳатто фурудгоҳ ҳастанд. Ягона рӯзи истироҳати худро мо дар саҳрои пахта гузаронидем", - нақл кард як корманди бахши энержӣ аз Туркманободи Туркманистон.

Буҷавиҳоро огоҳ кардаанд, ки то охири мавсими ҷамъоварии пахта рӯзҳои корӣ то 50 дарсади кормандон ва рӯзҳои истроҳат ҳамаи кормандони муассисаҳоро ба пахтачинӣ мебаранд.

Туркманистон тасмим дорад соли ҷорӣ 1 млн 250 ҳазор тона пахта ҷамъ оварад. Мавсими ҷамъоварии пахта то миёнаҳои моҳи декабр давом мекунад.

Ҳукумати Туркманистонро солҳост, ки барои истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар мавсими ҷамъоварии пахта танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG