Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: Трамп ихтиёран ба зиндон ҳозир мешавад. ВИДЕО


Собиқ президенти ИМА Доналд Трамп
Собиқ президенти ИМА Доналд Трамп

Вебсайти CNN бо такя ба манбаъҳое дар ниҳодҳои қудратии ИМА хабар дод, ки қарор аст дар охири ҳафтаи оянда – рӯзи панҷшанбе ё ҷумъа - собиқ президент Доналд Трамп бо ихтиёри худ ба зиндони ноҳияи Фултони аёлати Ҷорҷиа ҳозир шавад. Дар қарори ахири додгоҳи Фултон Трамп ва 18 муттафиқи дигари ӯ дар тавтеа ба хотири бекор кардани натиҷаҳои интихоботи соли 2020 дар аёлати Ҷорҷиа мутаҳам дониста шуданд. Бо қарори додситонӣ, муттаҳамон метавонанд то 25 август ихтиёран худро ба дасти низоми додгустарӣ супоранд.

ABC News гуфт, то ин сана вакилони Трамп дар музокирот бо додситонии ноҳиявӣ талош хоҳанд кард масъалаи пардохти васиқаи зиндонро машварат кунанд. Раиси полиси Фултон қаблан гуфт, ки бархӯрд бо Трамп ва муттафиқонаш мисли ҳар зиндонии дигар хоҳад буд. Ин ба он маъност, ки онҳоро акс гирифта изи ангуштонашонро сабт мекунанд.

Бар асоси чор парвандаи ҷиноӣ Трамп дар 91 ҳолати вайрон кардани қонун гумонбар мешавад. Ӯро дар истифодаи ғайриқонуни санадҳои махфӣ, талоши тақаллуби натиҷаҳои интихобот ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои барои маъракаи президентӣ ҷамъшуда гумонбар медонанд.

Трамп бо вуҷуди ин ҳама иттиҳомҳо дар маъракаи интихооти президентии соли 2024 худро фаъолона таблиғ мекунад.

Доналд Трамп ба ҷиноятҳои сахт гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG