Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон як телевизиони русиро масдуд кард


Константин Малофеев.
Константин Малофеев.

Қазоқистон шабакаи телевизионии таблиғотиии "Царьград"-и Русияро, ки ба олигархи рус Константин Малофеев тааллуқ дорад, масдуд кард.

Дар ин бора "Masa.media" бо истинод ба Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон хабар додааст.

Мақомоти Қазоқистон қаблан "Царьград"-ро чаҳор бор барои пахши гузоришҳои "ифротгароӣ, аз ҷумла гузорише бо унвони “Миллатгароҳои қазоқ занони русро дар остонаи Рӯзи Ғалаба террор мекунанд” ҳушдор дода буданд.

Масъулони хадамоти "Kaz Blocking Tracker", ки маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои гуногунро дар Қазоқистон назорат мекунад, тасдиқ карданд, ки дар ҳоли ҳозир дастрасӣ ба сомонаҳои телевизион дар ҳудуди ин кишвар маҳдуд карда шудааст.

Намояндагони "Царьград" то ҳол ин қарори мақомоти қазоқро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG