Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори кони ангишти Қазоқистон як нафар ҷон бохтааст


Дар натиҷаи сӯхтор дар шахтаи "Казахстанская"-и вилояти Қарағанда як нафар ҷон бохта, 8 конкан осеб дидааст.

Тибқи фарзияи расмӣ, сӯхтор дар кони "Казахстанская" дар натиҷаи оташ гирифтани тасмаи "конвейер" ҳангоми коркарди ангишт сар задааст. Дар умуми замони рух додани ҳодиса 222 кас дар дохили шахта қарор доштанд.

Ба иттилои мақомоти қазоқ, сӯхтор дар шахтаи мазкур ҳанӯз ҳам пурра хомуш карда нашудааст.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дастур дода, ки ҳодиса ҳамаҷониба таҳқиқ карда шавад.

Додситонии кулли Қазоқистон дар робита ба ин ҳодиса парванда боз кардааст.

Сӯхтор дар шахта дирӯз, наздикиҳои нисфирӯзӣ сар зада буд.

XS
SM
MD
LG