Мақомоти Озарбойҷон рӯзи 16-уми август гуфтанд, узви гуруҳи харобкори арманистониро, ки мехост ба ин кишвар дарояд, боздошт карданд. Ереван ин иддаоро рад кард.
"Садои Амрико" бо истинод ба AFP хабар дод, ки ҳодиса як рӯз баъд аз изҳороти воҳиди марзбонии Иттиҳоди Аврупо дар бораи мавриди ҳамла қарор гирифтанаш дар минтақа рух додааст. Ҷониби Арманистон дар ин тирандозӣ нерӯҳои Озарбойҷонро муттаҳам кард.
"Гуруҳи ҷосусӣ-харобкори арманистонӣ нисфирӯзии 16-уми август талош кард, ки вориди Озарбойҷон шавад. Ҳангомаи низомиёни Арманистон хунсо гашт. Яке аз аъзои гуруҳ захмӣ ва ба гарав гирифта шудааст", - омадааст дар изҳороти Вазорати дифои Озарбойҷон.
Ба гуфтаи низомиёни Озарбойҷон, ҳодиса дар минтақаи Истису, дар наздикии сарҳади ин кишвар бо Арманистон сар задааст.
Вазорати дифои Арманистон гуфтааст, низомии ин кишвар мавзеи худро худсарона тарк кардааст. "Фарзияи чи гуна рафтани низомӣ ба қаламрави Озарбойҷон омӯхта мешавад", - афзудааст манбаъ.
Гуфтугӯ