Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон таблиғи ҳамҷинсгароиро манъ кард


Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) қонунро дар бораи амнияти иттилоотии кӯдакон имзо кард. Бар асоси он таблиғи робитаҳои ҷинсии “ғайрианъанавӣ” дар он кишвар манъ аст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, дар қонун маълумоте, ки дар он нишонаҳои инкори арзишҳои хонаводагӣ ва анъанавии иҷтимоӣ ё беэҳтиромӣ нисбат ба хешовандон дида мешавад, барои кӯдакон зараровар шумурда шудааст.

Илова бар ин, қонун ташвиқи кудакон ба худкушӣ, истеъмоли маводи мухаддир, тамоку, машрубот, қиморбозӣ, танфурӯшӣ ва талбандагиро манъ мекунад.

Он ҳамчунин "сафед кардани амалҳои ғайриқонунӣ", дашном, порнография ва бераҳмӣ нисбат ба одамону ҳайвонҳоро манъ кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG