Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқобод аз таъсиси "иттиҳоди сегонаи газӣ" нигарон аст


Туркманистон аз нақшаи Русия дар мавриди интиқоли бештари гази табиӣ ба Чин нигаронӣ кардааст. Дар ин бора изҳороти Мирад Арчаев, як мақоми "Туркменгаз" дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон нашр шудааст.

Арчаев ҳарфи Дмитрия Биричевск, директори Департаменти ҳамкориҳои иқтисодии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи пешниҳоди таъсиси "иттиҳоди сегонаи газӣ" миёни Русия, Узбекистон ва Қазоқистонро шарҳ додааст.

Ин мақомдори туркман гуфтааст, дар ин пешниҳод манфиатҳои Туркманистон нодида гирифта шудааст.

Ӯ гуфтааст, газ аз Узбекистону Қазоқистон ба Чин тариқи лӯлае интиқол хоҳад ёфт, ки онро Чину Туркманистон сохтаанд.

Эҳтимол Туркманистону Русия барои фурӯши газ дар бозори Чин рақобат кунад.

Буҷаи ин кишвари Осиёи Марказӣ наздик ба 80 дарсад аз ҳисоби фурӯши гази табиӣ аст.

Қазоқистону Узбекистон низ талош доранд, ба Чин газ фурӯшанд.

XS
SM
MD
LG