Аркадий Волож, муассиси "Яндекс" бори аввал ҳамлаи Русияро ба Украина маҳкум кард. Вай гуфт, ин ҳамларо барбариёна медонад ва аз он ба даҳшат омадааст.
Воложи 59-сола моҳи июни соли 2022 шомили таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо шудааст. Дар маҷаллаи расмии Иттиҳоди Аврупо Воложро тоҷире номидаанд, ки аз ҷиҳати моддиву молӣ ҳукумати Русияро кӯмак мерасонад ва дар рафтор ё сиёсате саҳм дорад, ки тамомияти арзӣ, истиқлол ва ягонагии Украинаро халалдор мекунад.
Дар мақолаи Иттиҳоди Аврупо омадааст, "Яндекс" дар пешбурди расонаҳои давлатии Русия ва поксозии танқидҳо аз Кремл саҳм дорад.
"Моҳи феврали соли 2022 дунё тағйир кард ва ман дарк кардам, ки пайванди ман бо "Яндекс" канда шудааст",-навиштааст Волож.
Волож айни замон дар Исроил зиндагӣ дорад.