Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзад ба мақоми президенти Эквадорро куштанд


Дар Эквадор номзад ба мақоми президент Фернандо Вилявисенсиоро куштанд. Ба навиштаи расонаҳо, Вилявисенсио бо зарби се тир кушта шуд. Вай баъди гирдиҳамоии интихоботӣ дар Кито кушта шуд.

Ба иттилои расонаҳо, ҳамчунин ҳашт тани дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд. Ҳафт тани онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Нашрияи Expreso менависад, Вилявисенсио замоне кушта шуд, ки мехост ба мошин савор шавад. Як ҳафта пеш аз ин ҳодиса сиёсатмадор гуфта буд, ки гуруҳҳои нашъаҷаллоб ӯро таҳдид кардаанд.

Ҳамлагар низ дар ин ҳодиса аз сӯи муҳофизони сиёсатмадор кушта шуд.

Чаҳор номзади боқимонда ба мақоми президенти Эквадор баъди марги рақибашон маъракаҳои интихоботии худро қатъ кардаанд.

Президенти амалкунанда Гилермо Лассо дар Эквадор ҳолати фавқулода эълом кардааст.

Санаи баргузории интихоботро тағйир надоданд. Интихоботи президентӣ ҳамроҳ бо интихоботи порлумонӣ дар Эквадор рӯзи 20 август баргузор мешавад. Президенти амалкунанда Гилермо Лассо номзад нест.

Вилявисенсио 59 сол дошт. Вай ваъдаи мубориза бо фасодро дода буд.

Бино ба охирин назарсанҷиҳо, Вилявисенсио барои пирӯзӣ шонси зиёд надошт.

XS
SM
MD
LG