Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборов ба изҳороти сенатори амрикоӣ посух дод


Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов изҳороти сенатори ИМА Боб Менендесро шарҳ дод. Менендес аз Қирғизистон даъват кард, ки дар давр задани таҳримҳо ба Русия кӯмак нарасонад.

Посухи президенти Қирғизистонро расонаҳои он кишвар нашр кардаанд. Ҷабборов гуфтааст, Қирғизистон дар давр задани таҳримҳо кӯмак намерасонад, балки "Русия ва Чин аз кишвари хурд вобастагӣ надоранд".

"Бале, дронҳои ширкати қирғизистонӣ дар Қазоқистон ошкор шуд. Ширкат гуфт, ки ин дронҳо барои бахши кишоварзӣ истифода мешуданд. Аммо, сарфи назар аз ин, мо ҳоло содироти дронҳоро манъ кардаем", - навиштааст Ҷабборов.

Вай даъвати сенатори амрикоиро баҳонае барои "фишор овардан" унвон кардааст. "Аммо мо ба ин роҳ намедиҳем. Мо кишвари мустақилем. Мо минбаъд низ бо ҳама кишварҳо муносибати баробар хоҳем дошт, сиёсати бисёрҷанбаи хориҷӣ хоҳем дошт. Дар масъалаи Русияву Украина мо аз ҳамон ибтидо гуфтем, ки мавқеи бетарафона дорем", - гуфтааст Ҷабборов.

Сенатори амрикоӣ Боб Менендес дар муроҷиаташ ба президенти Қирғизистон гуфтааст, ки дар давр задани таҳримҳо ба Русия кӯмак нарасонад.

XS
SM
MD
LG