Нашрияи “Холод” таҳқиқ ва ҳисоб кардааст, ки дар Русия парвандаҳои ҷиноӣ бо иттиҳоми "хиёнат ба давлат" аз назари шуморашон ба давраҳои раҳбарии диктатори шӯравӣ Иосиф Сталин баробар шудааст. Танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ин кишвар 82 парванда бо иттиҳоми хиёнат ба давлат боз шудааст ва ин омор бештар аз омори 20 соли гузашта будааст. Ин нашрия мегӯяд, имкон дорад Хадамоти амнияти федеролии Русия на ҳама парвандаҳоро расонаӣ кардааст. “Холод” афзоиши ин парвандаҳоро ба саркӯби норозиёни ҷанги Русия алайҳи Украина рабт дода, мегӯяд, ки ҳоло фақат барои як лайк дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам метавонанд дар хиёнат гунаҳгор кунанд.